Вохӯрии кормандони суди вилояти Суғд бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов

Баҳри иҷрои нақша ва рӯйхати вохӯрию сӯҳбатҳои судяҳои суди вилояти Суғд, ки аз 16 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, муовини Раиси суд Раҳматиллозода М. ва судяи суди вилояти Суғд Назарзода Н.О. санаи 24 январи соли 2026 бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ гузарониданд.

Вохӯрии мазкурро Эмомов М. кушода эълон намуда, кормандони суди вилояти Суғдро ба иштирокчиён муарифи карда, суханро ба муовини Раиси суди вилояти Суғд Раҳматиллозода М. дод.

Муовини Раиси суди вилоят Суғд доир ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд намуд, ки нуқтаҳои муҳими Паёми навбати аз қабили маҳви терроризму экстремизм, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, таълиму тарбияи дурусти насли ояндасози Ватан, пешгирии омилҳои бекоршавии ақди никоҳ, рушди босуботи кишвар ва дар руҳияи баланди худшиносию ватандӯстӣ тарбият ёфтани аҳли Ватан мебошад ва ҳозиринро хотиррасон намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чун ҳамеша раҳнамои кулли мардуми фарҳангдӯсту худшинос ва меҳандӯсти тоҷик буда, фаъолияти моро барои солҳои минбаъда дақиқу мушаххас кард.

Инчунин судяи суди вилояти Суғд Назарзода Н.О. оиди Қонунҳои миллӣ ва шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, ба саҳми ҳозирин қонунҳои мазкурро кушоду равшан ва мушаххас расонид.

Дар вохӯрии мазкур байни ҳозирин ва баромадкунандагон саволу ҷавоб доир гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххасу саҳеҳ дода шуд.

Дар охир муовини Раиси суди вилоят вохӯрии мазкурро ба охир расониданд.