ВОХУРИИ КОРМАНДОНИ МАСЪУЛИ СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА ШАҲРИ ХУҶАНД БО НАМОЯНДАИ ДАФТАРИ БАРНОМАҲОИ СОЗМОНИ АМНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ ДАР АВРУПО ДАР ТОҶИКИСТОН
Санаи 28 апрели соли 2026 дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин муовини раиси суди вилояти Суғд-раиси коллегияи судӣ оид ба
парвандаҳои маданӣ, Раҳматиллозода Мафтуна муовини раиси суди вилояти Суғд-раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ, судяҳои суди вилояти Суғд Аҳмадзода Фирӯза, Набизода Наргис Ҳаким, сардори шӯъбаи таъмини ташкили кори судҳои суди вилояти Суғд Шоҳзода Исроил Назаралӣ ва котиби суди вилоят Қосимзода Раманзон Абдувалӣ, раиси суди
шаҳри Хуҷанд Мирзоҳомидзода Диловар, муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Сафарзода Файзиддин Давлат бо намояндаи дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Люк Митон баргузор гардид.
Зимни муколама иштирокдорон дурнамои рушди ҳамкориҳоро ҷиҳати муҳокимаҳои барномаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ, ташкили чорабиниҳои таълимӣ ва дигар масоили муҳимро муҳокима намуданд.
Суди вилояти Суғд 