ЗӮРОВАРӢ ҚАДАМЕ СӮИ БАРБОДИ ОИЛА

Зӯроварӣ қадаме сӯи барбоди оила

         Вақтҳои охир доири ба хушунат, зӯроварӣ дар оила бештар сухан меронанд ва ин ҳам беҳуда нест. Зеро хушунату моҷароҳои оилавӣ, пойдор набудани якдигарфаҳмӣ байни зану шавҳар, аз доираи одаму одамият берун рафтани муносибати оиладорӣ, ҳамроҳ шудани гапу калочаҳои беруна ба оила ба барбод рафтани зинаи аввали ҷамъият сабаб мегардад.

        Ҳангоми мурофиаи судӣ шоҳидони он мешавам, ки бо гапҳои дупула зану шавҳар ба якдигар сангғурониӣ мекунанд, ҳатто фарзандони аз пушти камарашон бунёд шуда низ он лаҳзаҳо пушти сар мешаванд.

         Бояд гуфт, ки зӯроварӣ дар чанд ҳолат ба чашм мерасад. Масалан: зӯроварии ҷисмонӣ-кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила, ки дар натиҷаи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ, ки боиси дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ мегардад. Намуди дигари зӯроварӣ ин таъсиррасонии қасдонаи руҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣхавфноканд, вайроншавии инкишофи руҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсӣ оварда мерасонад.

         Пешгирӣ, роҳҳои бахшидан ба ин кирдорҳои номатлуб, ки доғи ҷамъият мебошад дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” дар чанд нуктаҳо нишон дода шудааст, ки амали он асоси аз байн бурдани ҳодисаҳои ногувор хоҳад шуд. Яъне ташкили маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд. Албатта зӯроварӣ худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Чӣ хеле, ки гуфтем сабабҳои он бисёранд. Ҳарчанд Қонун дар амал аст,  вале аҳлу тифоқӣ, дастгирии якдигар, муносибатҳои дӯстона, маслиҳату машварат, корҳои тарғиботӣ дар маҳалли зист омили асосии бартараф намудани зӯроварӣ мегардад.

 

Фирӯза Аҳмадзода,

судяи Суди вилояти Суғд

Рӯзномаи “Набзи Деваштич”