ЗИНДАГИИ ПУРНИШОТ АЗ ДӮСТИСТ

Дар Паёми навбатӣ низ рӯйдодҳои муҳими таърихӣ қайд гардида, дастурҳои муҳим барои соли оянда пешниҳод шуд. Ваҳдату ягонагӣ, якпорчагии Тоҷикистон барои мардум басо муҳим аст. Зеро зиндагии пурнишот маҳз аз дӯстиву рафоқат сарчашма мегирад. Яке аз рӯйдоди муҳим, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат қайд гардид, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат — Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ мебошад.

Ин ҳуҷҷат мардуми кишварро басо рӯҳбалнд сохт ва мардум бори дигар дарк карданд, ки Тоҷикистон ташнаи сулҳу салоҳ аст. Ҳамчунин, дар Паём қайд гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистан дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо шартнома ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.

Вақте ки сулҳ аст, фаровонӣ аст. Дар кишвари азизамон дар фазои сулҳу дӯстӣ чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ташкил гардид, ки сарчашмаи он ҳам тинҷию осудагии диёрамон ба шумор меравад.

Сарвари давлат дар ин бора изҳор карданд, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикисгон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.

Ҳамзамон, рӯзи 12-уми де­кабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми маҷмаи умумии Созмони Ми­лали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул шуд.

Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.

Ҳар як фарди бонангу номус дарк менамояд, ки маҳз бо сиёсати сулҳҷӯёнаю ташаббускоронаи Сарвари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ мавқеи намоёнро соҳиб гаштааст.

Ин амалҳои нек ҳар яки моро водор месозад, ки боз ҳам самаранок фаъолият намуда, дар пешбурди кишвар ҳиссаи сазовори худро гузорем.

 Бахтиёр БОБОҶОНЗОДА,

Судяи Суди вилояти Суғд